Идомаи вохӯрӣ бо донишҷӯёни навқабулшудаи соли таҳсили 2026–2027
2 октябри соли 2026 бо донишҷӯёни навқабулшуда вохӯрӣ оид ба муҳити таълимӣ, низоми таҳсил ва масъулияти донишҷӯӣ баргузор гардид.
Бо мақсади шинос намудани донишҷӯёни нав бо муҳити таълимии муассиса, тартибу низоми таҳсил, талаботи низоми кредитии таҳсилот, имкониятҳои илмомӯзӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявию муассисавӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худшиносӣ санаи 2-юми октябри соли 2026 дар доираи нақшаи кории солонаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» вохӯрӣ баргузор гардид.