Чорабиниҳо

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Дар коллеҷ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабӣ, маънавӣ ва фалсафии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва шинос намудани донишҷӯён бо осори пурарзиши яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик санаи 28-уми сентябри соли 2026 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» бо ташаббуси кафедраи забонҳо дар асоси нақшаи кории солонаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ, инчунин, дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 11.09.2026, №871, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия Сангинова С.О., мудири кафедраи забонҳо Васихов Д.С., мудири китобхона Хайруллоева М.А., омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд. Нахуст, иштирокчиён оид ба рӯзгор, фаъолияти адабӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва мақоми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён намуданд. Таъкид гардид, ки осори Мавлоно бо мазмунҳои баланди инсонпарварӣ, муҳаббат ба инсон, маърифат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ахлоқи ҳамида на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои аҳли фарҳанги ҷаҳон арзиши бузурги маънавӣ дорад. Дар рафти чорабинӣ омӯзгорон доир ба аҳамияти омӯзиши осори Мавлоно дар тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ашъори ин мутафаккири бузург ҷавононро ба донишандӯзӣ, некӣ, меҳрубонӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсонпарварӣ ҳидоят менамояд. Дар фарҷом донишҷӯён аз ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шеърҳо қироат намуда, намунаҳои ҷолиби осори ӯро пешкаши ҳозирин карданд.

Аксҳои хабар

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Идома диҳед

Хабарҳои монанд