Таълим
Ҳикмати омӯзгор ва рисолати маърифатсозии ӯ дар паёмҳои Пешвои миллат
Матн нақши таълиму тарбия ва омӯзгорро дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа баррасӣ мекунад.
Таълиму тарбия аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои маънавию фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ташаккули шахсият, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини пайванди маънавии наслҳо нақши калидӣ доранд. Таълим танҳо раванди ба инсон додани дониш набуда, балки воситаи ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккур, ахлоқ, худшиносӣ ва муносибати ӯ ба ҷомеаву Ватан мебошад.