Ҷаласаи Шӯрои омӯзгорони факултети кори ҳамширагӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ
Дар китобхонаи коллеҷ ҷаласаи Шӯрои омӯзгорони факултети кори ҳамширагӣ баргузор шуда, масъалаҳои сифати таҳсилот ва омодагӣ ба олимпиадаҳо баррасӣ шуданд.
Санаи 6-уми октябри соли 2026 дар китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” ҷаласаи навбатии Шурои омӯзгорони факултети кори ҳамширагӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии декани факултет Шарофов Садриддин доир шуда, дар он ҳайати омӯзгорон, мудирони кафедраҳо, роҳбарони гурӯҳҳои академӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи усулҳои муосири таълим, омодагии донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ барои донишҷӯёни лаёқатманд баррасӣ шуданд.